Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамшед, ки дар овони кӯдакӣ Қурбоналӣ ном дошт, баъди 25 сол модари аслиашро пайдо кард. Ҷамшедро даргириҳои солҳои навадум аз падару модараш ҷудо намуд ва тӯли ин муддат ӯ дар дасти як оилаи дигар ба воя расид.

Ҷамшед мегӯяд, ҳоло ду модар дорад ва ҳеҷ яке аз онҳоро дигар раҳо намекунад.

Мавҷигул Аминова, модари аслии Ҷамшед, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то инки писарашро дубора дар оғӯш бигирад, тақрибан 25 фасли тирамоҳро сипарӣ карда, ба қавли худаш "сохтаву сӯхтааст". Мавҷигул мегӯяд, ҷудоии онҳо аз Ҷамшед ҳамон вақт шуруъ шуд, ки ҳамроҳи шавҳар ва фарзандони хурдсолаш аз минтақаи Қӯрғонтеппа худро ба ноҳияи Қубодиён расонданд ва мехостанд, дар ҷои амнтар аз даргириҳо паноҳ ёбанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

"Вале дар онҷо ба дасти гурӯҳҳои силоҳбадаст ба асорат афтодем. Онҳо зану мардҳо ва тифлонро аз якдигар ҷудо карда, дар таҳхонаҳои алоҳида нигоҳ медоштанд," - нақл кард ӯ.

Вай гуфт, бо ду духтар ва як писараш аз асорат раҳо ёфта, аммо аз ҳоли шавҳару писараш Қурбоналӣ бехабар монд. Мавҷигул Аминова нақл кард, ки баъдан ба онҳо хабар расид, шавҳарашро гуруҳҳои мусаллаҳ ба минтақаи "Ломоносов"-и шаҳри Қӯрғонтеппа оварда, куштанд, вале то чанд рӯзи қабл дар бораи зинда ё мурда будани писараш Қурбоналӣ чизе намедонист.

Муслима Салимова

Муслима Салимова

Дар ин муддат Қурбоналӣ ба дасти хонаводаи Муслима Салимова ва Маҳмадкарим Ҷобиров дар ноҳияи Ҳамадонӣ афтодааст, ки солҳо аз бефарзандӣ ғусса мехӯрданд ва то замони ёфтани Қурбоналӣ се кӯдакро ба фарзандхонӣ гирифта буданд. Муслима мегӯяд, Қурбоналиро замоне пайдо карданд, ки ҳоли бисёр бад дошт. "Мо барои он ки ташнаи фарзанд будем ва савоб ӯро гирифта калон кардем. Номашро Ҷамшед гузоштем", - афзуд ӯ.

Худи Ҷамшед мегӯяд, ҳанӯз дар хурдияш аз одамоне, ки ӯро то ноҳияи Ҳамадонӣ, Московскийи собиқ, бурда буданд, шунидааст, волидони аслии ӯ аз минтақаи Қӯрғонтеппа ҳастанд ва падараш мурдаасту модараш зинда аст. "Баъди чандин сол худам ба маҳалли зисти волидонам, ки одамон гуфта буданд, омадам. Хеле кофтам, вале нишоне наёфтам. Боз гаштаму рафтам. Хотирамро ҷамъ кардам, ки онҳо гузаштаанд ва чанд бор барояшон хатми Қуръон ҳам фармудам. Ҳарчанд ҷудо будем, вале онҳо падару модари ман буданд", - гуфт Ҷамшед.

Мавҷигул Аминова

Мавҷигул Аминова

Ин мусоҳиби мо гуфт, аз онки ба дидори модари аслии худ расидааст, хушҳол аст ва акнун оилаи худро боз ҳам бузургтар ёфтааст. Ҷамшед мегӯяд, ҳоло ду модар дорад ва ҳеҷ яке аз онҳоро дигар раҳо намекунад.

Аз муқовиматҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистон ду даҳсола гузаштааст. Мисли Мавҷигул Аминова модарони зиёде фарзандони худро аз даст доданду гум карданд. Ин ҷавон барои Муслима Ҷамшед асту барои Мавҷигул Қурбоналӣ. Он чӣ ҷанг натавонистааст маҳв созад, ҳамон дили бузурги модаронест, ки яке зиндагӣ бахшида, дигаре зиндагиро наҷот додааст. Ва ҳич гироише натавонистааст, ҷойи тасмими як модарро барои наҷоти ҳаёт бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG