Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши мусофирбари ҳарбиён дар Туркия 10 кушта ба ҷо гузошт


Дар натиҷаи таркиши як автобуси низомиён дар ҷанубу шарқи Туркия 10 корманди хадамоти махсус кушта ва 7 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин таркиш дар шоҳроҳи миёни шаҳрҳои Дерик ва Қизилтеппа, минтақаи асосан курднишин рух додааст. То ҳол масъулияти ин ҳодисаро гуруҳе ба зимма нагирифтааст, вале мақомот Ҳизби мамнӯи коргарони Курдистонро айбдор мекунанд. Соли гузашта дар пайи қатъи низоми оташбас миёни ҷангиёни курд ва нерӯҳои турк дубора задухӯрдҳои мусаллаҳона оғоз шуда, то ба ҳол ҷони беш аз 600 корманди хадамоти махсуси Туркия ва ҳазор курдро рабудаанд.

XS
SM
MD
LG