Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон Қонуни асосиро тағйир доданд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Озарбойҷон референдуми ислоҳи Қонуни асосии ин кишварро баргузоршуда эълон кард. Рӯзи 26 сентябри соли равон дар Озарбойҷон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии ин кишвар раъйпурсӣ гузаронда шуд. Шаҳрвандон дар 5 ҳазору 627 нуқтаи овоздиҳӣ раъй дода, раванди овоздиҳиро 53 ҳазору 531 нозир мушоҳида карданд. Шумори шаҳрвандоне, ки ҳаққи додани раъйро доранд, ба беш аз 5 миллион нафар мерасад.

Дароз кардани муҳлати президентӣ аз 5 то 7 сол, поин бурдани синни номзадӣ аз 35 ба 18 ва таъсиси мақоми ду ноиби раиси ҷумҳур аз тағйироти аслӣ дар Қонуни асосии Озарбойҷон буданд. Президенти кунунӣ Илҳом Алиеви 54-сола, ки соли 2003 қудратро аз падари бемораш ба "мерос" гирифтааст, се бор дар интихоботҳои 2003, 2008 ва 2013 баранда эълон шудааст ва давраи раёсати он қарор аст, соли 2018 ба поён расад.

Аз ин пеш Қонуни асосии Озарбойҷон ду бор, солҳои 2002 ва 2009, иваз шуда буд. Ин бор раъйдиҳандагон маҷбур набуданд, ки ба ҳамаи пешниҳодҳо “ҳа” ё “не” бигӯянд, балки метавонистанд, пешниҳодҳои алоҳидаро қабул ё рад кунанд. Ба назари нозирон, ҳадафи аслии бештари иловаҳо мустаҳкам кардани қудрати оилаи ҳукмрон ва худи президент Илҳом Алиев аст.

XS
SM
MD
LG