Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи ислоҳи Конститутсияи Қирғизистон ба порлумон рафт


Нишасти вакилони порлумони Қирғизистон дар рӯзи 30-уми июни соли 2016

Нишасти вакилони порлумони Қирғизистон дар рӯзи 30-уми июни соли 2016

Лоиҳаи қонуни Қирғизистон дар бораи 4 декабри соли равон баргузор кардани раъйпурсӣ барои тағйири Қонуни асосии ин кишвар вориди порлумон шудааст.

Дар ин бора Абдиманап Кутушев, раиси дастгоҳи порлумони Қирғизистон иттилоъ дода, гуфтааст, ки зимни баррасӣ шояд санаи баргузории маърака тағйир ёбад.

Зери ташаббуси ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Қирғизистон аз 6 ҷиноҳи порлумони ин кишвар 5 тоашон "Республика - Ота - Журт", "Қирғизистон", "Онуугу - Прогресс" ва "Бир бол" имзо гузоштаанд. Ҳадафи асосии тағйирот густариши салоҳиятҳои ҳукумат ва суръат бахшидан ба ислоҳоти мақомоти додгоҳӣ арзёбӣ мешуд.

Ин дар ҳолест, ки як қатор сиёсатмадорони мухолифи қирғиз зидди тағйири Конститутсияи кишварашонанд. Иштирокдорони ҳаракати "Нест бод райпурсӣ!", ки 13 сентябри соли равон таъсис ёфт, зидди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Қирғизистон имзо ҷамъ мекунад. Ин ҳаракат мегӯяд, тасмим дорад, 8 октябри соли равон дар Бишкек курултой баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG