Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пахтачинӣ дар Узбакистон "амали воҷиб" шуд


Яке аз масҷидҳои Узбакистон

Яке аз масҷидҳои Узбакистон

Баъзе аз имом-хатибони масҷидҳои Узбакистон ҷамъоварии пахтаро барои сокинони мусулмони ин кишвар "амали воҷиб" дониста, аз намозгузорон хостаанд, ки ба ҳар шакле дар ғунучини пунбадона саҳм гиранд. Ин "фатво" асосан дар намози ҷумъаи гузашта дар масҷидҳои Узбакистон садо додааст.

Як ходими масҷиди дигари Тошканд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо натанҳо сокинонро ба ҷамъоварии пахта ташвиқ мекунанд, балки барои ёрӣ ба пахтачинҳо кумаки молӣ ҳам ҷамъ меоранд.

Ба қавли як мусоҳиби бахши узбакии Радиои Озодӣ, имом-хатиби масҷиди Ҳазрати Алии шаҳри Тошканд чидани пахтаро ҳатмӣ дониста ва гуфтааст, ки набояд сокинони мусулмон инро сарфи назар кунанд. "Ба қавли имом-хатиб, мо бояд ба хирмани давлат саҳми худро гузорем. Яъне, ё пахта бояд чинем ва ё аз нигоҳи молӣ ба пахтачинҳо кумак кунем",- афзуд ӯ.

Яке аз ходимони масҷиди Ҳазрати Алӣ низ дар суҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ ин нуктаро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин ҳарфҳо бо дастури Идораи мусулмонони Узбакистон садо додааст. Вай гуфт, дар матне, ки ба онҳо супурда шудааст, таъкид мешавад, рӯҳониён бояд мавзӯи ҷамъоварии пахтаро ҳаматарфа бозтоб диҳанд.

"Воқеан, дар намози ҷумъа имом-хатиб гуфт, ки пахта боигарии миллии мост ва ҷамъоварии он воҷиб аст. Яъне, ҳатмӣ аст", - илова кард ӯ.

Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар дохили Узбакистон гуфтаанд, ба ин мазмун "фатво" дар масҷидҳои дигари ин ҳамсояи Тоҷикистон садо додааст. Диншинос Муҳиддин Ширинов мегӯяд, "амали воҷиб дар дини Ислом амали ҳатмӣ аст. Касе бар асоси шариат ин амалро иҷро намекунад, гуноҳ хоҳад гирифт ва касе иҷро мекунад – савоб."

Ширинов мегӯяд, дуруст аст, ки имом-хатибон метавонанд дар кишваре мисли Узбакистон намозгузоронро ба корҳои савоб ташвиқ кунанд, вале мегӯяд ӯ, "дар ин сурат бояд имом-хатибон барои исботи гуфтаашон далели кофӣ оранд. Фикр мекунам, имом-хатибони мо исбот карда наметавонанд, ки чаро ҷамъоварии пахта амали ҳатмӣ аст."

Як ходими масҷиди дигари Тошканд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо натанҳо сокинонро ба ҷамъоварии пахта ташвиқ мекунанд, балки барои ёрӣ ба пахтачинҳо кумаки молӣ ҳам ҷамъ меоранд. Ӯ гуфт, "мо ба давлат 360 ҳазор сум ҷамъа карда супоридем. Ба мо гуфтанд, ки ин миқдор пулро ба пахтачинҳо хоҳанд расонд."

Дар ҳамин ҳол, манобеи Идораи муслумонҳои Узбакистон гуфтаанд, худи онҳо низ муваззаф шудаанд, ба саҳро ба пахтачинӣ бароянд. Ҳарчанд дар Узбакистон иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо ҳастанд, аммо мақомоти ин кишвар ба шиддат онҳоро таҳти назорат доранд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо Узбакистонро барои истифода аз нерӯи сокинон ва бахусус ҷавонону кӯдакон ва занҳо дар ҷамъоварии пахта интиқод карда, дар гузашта чанде аз ширкатҳои ҷаҳонӣ харидани пахтаи ин кишвари Осиёи Марказиро таҳрим карда буданд.

Лаҳзаҳои ҷамъоварии пахта дар саҳроҳои Тоҷикистон

Лаҳзаҳои ҷамъоварии пахта дар саҳроҳои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон низ ҳар сол ҳазорҳо нафар барои ҷамъоварии пахта ба саҳро мебароянд, вале ғунучини пунбадона барои сокинони кишвари амали ҳатмӣ нест. Агар дар гузашта асосан донишҷӯёну хонандагон ба ҷамъоварии пахта ҷалб мешуданд, ҳоло мақомоти Вазорати маориф ва илм гуфтаанд, дар ин кор аз нерӯи хонандагони мактабҳо истифода нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG