Пайвандҳои дастрасӣ

Амалкардҳои Русия дар Сурияро "ваҳшигарӣ" номиданд


Саманта Повер амалкардҳои Русия дар Сурияро "ваҳшигарӣ" номид.

Саманта Повер амалкардҳои Русия дар Сурияро "ваҳшигарӣ" номид.

Бо идомаи бомборони зиёд дар шаҳри Ҳалаб, Бритониё, Фаронса ва Амрико давлати Русияро барои амалкардҳояш дар Сурия сахт танқид карданд. Аз ҷумла, Саманта Повер, сафири Амрико дар Созмони Милал рӯзи 25-уми сентябр дар ҷаласаи изтирории Шӯрои Амният гуфт, “Ончиро ки Русия дастгирӣ мекунад, на муқобила бо терроризм, балки ваҳшигарӣ аст.” Ҳукумати Сурия ҳафтаи гузашта аз оғози амалиёти нав дар шарқи Ҳалаб хабар дод, ки дар дасти шӯришиён аст ва онҷо 275 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, қароргоҳаш дар Лондон мегӯяд, баъди аз ҳам пошидани созиши оташбас дар Сурия дар рӯзи 19-уми сентябр дар ҷангу хунрезиҳо камаш 231 нафар кушта шуданд. Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал гуфт, нерӯҳои Сурия талош доранд, террористонро аз Ҳалаб берун кунанд ва айни замон мекӯшанд, ғайринизомиён осеб набинанд. Ӯ нагуфт, ки нерӯҳои ҳавоии Русия ҳам дар бомборон ширкат мекунанд. Дипломати рус, гурӯҳҳои мусаллаҳро ба баҳам задани созиши оташбас муттаҳам кард ва гуфт, овардани сулҳ Сурия “акнун як кори номумкин шудааст”.

XS
SM
MD
LG