Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар заминаи истифода аз Интернет дар миёни 191 кишвари ҷаҳон дар ҷои 149 қарор гирифтааст. Гузориши Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “The State of Broadband” (“Вазъи мухобироти фарогир”) мегӯяд, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз Туркманистон пештар аст. Тибқи ин гузориш, ки ба наздикӣ нашр шуд, танҳо 19 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доштаанд. Қаблан, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳудуди 3 миллион аҳолии кишвар ба Интернет дастрасӣ доранд ва ин рақам 34 дарсади маҷмӯи аҳолиро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG