Пайвандҳои дастрасӣ

"Сохтмони нерӯгоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба нафъи ҳама аст"


Эрлан Абдилдаев

Эрлан Абдилдаев

Иҷрои тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Қирғизистону Тоҷикистон метавонад ниёзҳои энергетикии Осиёи Марказиро таъмин ва барои рушди устувори минтақа шароити мусоид фароҳам кунанд. Ин нуктаро Эрлан Абдилдаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, ҳангоми суханрониаш дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ баён доштааст.

"Имрӯз Осиёи Марказӣ барои гузариш ба нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза имкониятҳои фаровон дорад", - афзудааст ӯ. Ба қавли Абдилдаев, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба фаҳмиши умумии моҳияти истифодаи маҷмӯи захираҳои обию энергетикии минтақа бирасанд. Абдилдаев дар робита ба экология изҳор доштааст, ки болоравии ҳарорати ҷаҳон ба ҳолатҳои фавқулода, ларзиши дарёҳои пуроби куҳӣ, обшавии пиряхҳо ва заволи экосистеми нодири куҳӣ сабаб шуда, оқибатҳои манфии иҷтимоиро дар пай хоҳад дошт.

"Бар пояи арзёбиҳо, то соли 2025 маҷмӯи масоҳати пиряхҳо дар Қирғизистон то 30-40% коҳиш хоҳад ёфт", - қайд кардааст вай. Аз ин рӯ, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон даъват кардааст, ки дар кишварҳои болооб лоиҳаҳои муштарак иҷро карда шаванд.

XS
SM
MD
LG