Пайвандҳои дастрасӣ

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҳошияи иҷлоси 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дабири кулли СММ Бан Ки Мун мулоқот кардааст. Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин мулоқот рӯзи 24 сентябр баргузор шуда, тарафҳо масоили муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши рушди иқтисоду иҷтимоъ ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устуворро баррасӣ кардаанд. Сироҷиддин Алов дар иҷлоси 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Милал Тоҷикистонро намояндагӣ ва суханронӣ кард. Ӯ дар суханронии худ аз ёрии бештар ба Афғонистон, таъсири тағйири иқлим ва даҳсолаи дигари об барои ҳаёт гуфт. Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки аз соли 2018 то 2028 даҳсолаи дигари об барои ҳаёт эълон шавад. Даҳсолаи аввали ин ташаббуси Тоҷикистон соли 2015 ба поён расида буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG