Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ноҳиз Ҳатар, нависандаи 53-солаи масеҳӣ, дар наздикии додгоҳи пойтахти Урдун аз сӯи марди мусаллаҳ бо зарби се гулӯла кушта шуд. Ноҳиз рӯзи 25 сентябр бояд дар додгоҳе ҳозир мешуд, ки дар онҷо ӯро барои паҳн кардани тасвири таҳвиномези пайравони Ислом муттаҳам мекунанд. Хабаргузориҳои расмии Урдун навиштаанд, ҳамлагари шахсияташ то ҳол номаълум дар ҷои ҳодиса боздошт шудааст. Ноҳиз Ҳатар моҳи августи имсол баъди паҳн кардани тасвири "як марди ҷиҳодӣ" дар Фейсбук боздошт шуд. Дар ин тасвир марди ришдоре ҳамроҳи як зан дар рахти хоб дид мешавад, ки аз Худо мехоҳад, барояшон шароб биоварад. Мақомоти Урдун Ҳатарро барои барангехтани адовати динӣ ва таҳқири Ислом муттаҳам карда буданд.

XS
SM
MD
LG