Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моди Покистонро ба “содироти терроризм” муттаҳам кард


Нарендра Моди бо ҳамтои покистониаш Навоз Шариф

Нарендра Моди бо ҳамтои покистониаш Навоз Шариф

Нарендра Моди – нахуствазири Ҳиндустон – мақомоти Покистонро барои, ба гуфтаи ӯ, “содироти терроризм” ба хотири ноором сохтани Осиё муттаҳам кард. Вай ҳамзамон ваъда дод, талош хоҳад кард, ки дар сатҳи байналмилалӣ ин кишварро дар инзивоъ қарор медиҳад.

Изҳороти Моди баъди ҳамлаи 18 сентябр ба маҳалли низомиён дар минтақаи баҳсии Кашмир садо дод. Дар ин ҳамла ҳаждаҳ сарбози Ҳиндустон ҷон бохтанд. Нарендра Моди, ки рӯзи 24 сентябр тавассути телевизион суханронӣ мекард, гуфт, “дар Осиё танҳо як кишварест, ки ҳадафаш паҳн кардани терроризм аст ва тамоми корро мекунад, ки асри 21 асри Осиё набошад.” Вай дар идомаи суханрониаш гуфт, “мардуми Покистон бояд аз раҳбарони худ бипурсанд, ки чаро ҳарду кишвар баробари озодиро ба даст оварданд, вале Ҳиндустон нармафзор содир мекунад, Покистон - террорист?”

Ҳиндустон борҳо Покистонро барои ҳимоят аз гуруҳи ҷангҷӯён дар минтақаи баҳсии Кашмир ва, инчунин, интиқоли ҷангҷӯён ба минтақаҳои дигари ин кишвар барои анҷоми амалҳои хушунатгароёна муттаҳам кардааст. Аммо Покистон ҳамаи ин иттиҳомро рад мекунад. Вазорати умури хориҷии Покистон эълон кард, ки ба ин изҳороти Нарендра Моди посухи расмӣ хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG