Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти муттаҳам ба тирандозӣ дар Вашингтон


Мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтанд, ки гумонбари тирандозӣ дар як маркази харид дар ғарби иёлати Вашингтонро боздошт кардаанд. Марк Франсис, сухангӯи пулиси Вашингтон, аз нафари гумонбар Аркан Четини 20-сола ном бурдааст, ки ба қавли ӯ, сокини минтақаи Оак Ҳарбори Вашингтон аст. Панҷ нафар дар ҷараёни тирандозии шоми 23 сентябр дар як маркази харид дар Бурлингтон, 100-километрии Сиэтл, шаҳри бузурги иёлати Вашингтон, кушта шуданд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки ҳадафи нафари гумонбар аз тирандозӣ ва куштани шаҳрвандон чӣ будааст. Мақомот мегӯянд, ки барои террористӣ арзёбӣ кардани ин ҳодиса ҳанӯз дар даст далели кофӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG