Пайвандҳои дастрасӣ

Латофат Кенҷаева: Бозор Собир ҳаққи қалами худро гирифтааст


Бозор Собир

Бозор Собир

Латофат Кенҷаева, раҳбари нашриёти "Истиқбол", даъвои Бозор Собир – шоири маъруфи тоҷикро барои рӯёндани ҳаққи қалам аз идораи таҳти раҳбарии ӯ беасос донист. Кенҷаева рӯзи 25 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳаққи қалами Бозор Собирро дар шакли китоб ҳанӯз чанд сол пеш баргардонда буд ва ҳоло намедонад, ки чаро ин баҳс дубора рӯ задааст?

Ҳамон вақт ҳеч кас бо Бозор Собир кор кардан намехост, метарсиданд. Мо бо дархости Сайёд Ғаффор, ки навбати худро барои Бозор Собир дод, китоби он касро чоп карда будем.

"Даъвояшон нисбат ба созмони мо беҳуда аст. Мо аллакай ҳаққи қаламашонро дар шакли китоб пардохт кардаем. Даъво бар сари 2 ҳазору 800 сомонӣ меравад. Ман ба он кас дар се навбат 270 китоб додаам, ки қиматаш аз ҳаққи қалами талабкардаи онҳо бештар аст," – афзуд ӯ.

Раҳбари нашриёти "Истиқбол" мегӯяд, созмони ӯ хайриявӣ аст ва бар асоси низомнома пардохти ҳаққи қаламро дар назар надорад. Аммо Латофат Кенҷаева гуфт, бо ин ҳол, тавассути Низом Қосим, Сайёд Ғаффор ва ҳамсари Бозор Собир ба ин шоири тоҷик, дар маҷмӯъ, 270 дона китобро ҳамчун ҳаққи қалам дастрас кардааст.

Кенҷаева мегӯяд, китоби “Бист шеърак барои Ардашерак”-и Бозор Собир ва “Кӣ аз ҳама зӯр”-и писараш соли 2010 бо дархости шоир Сайёд Ғаффор ба нашр расида ва он вақт масъалаи ҳаққи қалам аслан матраҳ набудааст. "Ҳамон вақт ҳеч кас бо Бозор Собир кор кардан намехост, метарсиданд. Мо бо дархости Сайёд Ғаффор, ки навбати худро барои Бозор Собир дод, китоби он касро чоп кардем. Ҳамон вақт гуфта будам, ки ҳаққи қалам дода наметавонем. Онҳо ҳамаашон розӣ шуда ва ҳатто гуфтанд, ки ҳамин китоб чоп шавад, Бозор Собир хеле хушҳол хоҳад шуд. Мо ҳам чоп кардем, вале дертар масъалаи ҳаққи қалам дар миён омад," – гуфт ӯ.

Латофат Кенҷаева

Латофат Кенҷаева

Раҳбари нашриёти “Истиқбол” мегӯяд, як замон додситонӣ ба масъалаи рӯёндани ҳаққи қалами Бозор Собир машғул шуда ва онҳо ҳар байти шоирро 1 сомониву 80-дирамӣ нарх гузошта будаанд. “Вале он кас ба идораи мо наомаданд ва ҳаққи қалами худро нагирифтанд. Дар иваз мо ба он кас китоб фиристодем,” – гуфт Латофат Кенҷаева.

Бозор Собир, шоири тавонои тоҷик, ахиран ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуда хоҳиш кардааст, ҳаққи қалами ӯро аз бархе чопхона ва Кумитаи радио ва телевизион рӯёнад, ки осори ӯро бидуни қарордод ё иҷоза нашр кардаанд. Бахши захираҳои зеҳнии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир санҷиш бар асоси аризаи шоир идома дорад ва бо пурра мушаххас шудани номи бархе нашриёт ва муассисаҳо, ҳаққи қалами шоир ситонида мешавад.

Мансур Раҷабов, намояндаи Шӯъбаи захоири зеҳнии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 20 сентябр ба Озодӣ гуфта буд, “дар аризаи Бозор Собир номи нашриёти “Истиқбол”, “Шуҷоъ” ва нашриётҳои алоҳида зикр шудааст, ҳоло мо мушаххас карда истодаем, ки ин нашриёти алоҳида кадом ҳастанд ва дар чӣ шароит китоби шоирро ба чоп расонидаанд.”

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди Бозор Собир дар аризааш исми Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон низ зикр шудааст, ки сурудҳо ва таронаҳо бар матни ашъори шоирро пахш кардаанд ва ҳаққи қалами ӯро надодаанд. Нӯъмонҷон Муқимов, сардори Шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқи муалифи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, Бозор Собир ба шуъбаи онҳо муроҷиат карда буд ва онҳо машварат намуда аризаи ӯро ба Шуъбаи ҳифзи захоири зеҳнии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ фиристодаанд.

Бозор Собири 78-сола дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 1980-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд. Соли 1993 ӯ барои 9 моҳ ба зиндон кашонида шуд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.

Соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, ки дигар дар Тоҷикистон мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG