Пайвандҳои дастрасӣ

Рафтори мушовири Доналд Трамро таҳқиқ мекунанд


Бино ба гузориши Yahoo News, маъмурони иттилооти Амрико гузоришҳо дар бораи соҳибкореро таҳқиқ мекунанд, ки аз мушовирони Доналд Трамп, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур ба ҳисоб меравад ва дар як мулоқоти хусусӣ бо мақомоти Русия дар бораи муносибатҳои ду кишвар аз ҷумла таҳримҳо сӯҳбат кардааст. Yahoo News рӯзи 23-уми сентябр навишт, таҳқиқи корҳои Картер Пейҷ идома дорад, ки ӯро Доналд Трамп моҳи март яке аз мушовиронаш дар сиёсати умури хориҷӣ номид. Картер Пейҷ дар гузашта дар Русия тиҷорат доштааст. Ба навиштаи Yahoo News, тоҷири амрикоӣ моҳи июл зимни сафараш ба Маскав бо Игор Сечин, яке аз шарикони Владимир Путин ва раиси ширкати давлатии Роснефт мулоқот кардааст. Игор Сечин ва гурӯҳи дигаре аз мақомоту тоҷирони Русия ба сабаби амалкардҳои ин кишвар дар Украина таҳти таҳрими Амрико қарор доранд. Yahoo News аз қавли манобеи худ дар хадамоти ҷосусии кишварҳои ғарбӣ навиштааст, ки Картер Пейҷ ҳамчунин бо Игор Дивейкин, дасти рости Вячеслав Володин, яке меъморони аслии сиёсатҳои Русия дар аҳди саввуми раёсати ҷумҳурии Владимир Путин мулоқот кардааст.

XS
SM
MD
LG