Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти "беҳосили" Амрикову Русия дар Ню Йорк


Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров пеш аз нишасте дар Ню Йорк дар рӯзи 23-уми сентябр.

Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров пеш аз нишасте дар Ню Йорк дар рӯзи 23-уми сентябр.

Амрико ва Русия дар музокирот барои барқарор кардани созиши оташбас дар Сурия ба ҷое нарасиданд. Бо ин ҳол бомборони ошӯбгарон дар шаҳри Ҳалаб идома кард ва даҳҳо нафар кушта шуданд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, дар мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар бораи барқарории оташбас “пешрафти андаке” ҳосил шудааст. Сергей Лавров баъди ин мулоқот дар рӯзи 23-уми сентябр дар Ню Йорк гуфт, ҳеҷ натиҷае ба даст наомад ва Амрикоро ба он муттаҳам кард, ки созиши пешинаро риоят накардааст. Дар шаҳри Ҳалаб, ки такягоҳи ошӯбгарон аст, ҳавопаймоҳои ҳукуматӣ бо бомборони зиёд, даҳҳо нафарро кушта ва маҷрӯҳ карданд. Ба гуфтаи Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, дар натиҷаи 30 зарбаи ҳавоӣ дар минтақаҳои гуногуни шаҳр дар рӯзи 23-уми сентябр камаш 27 ғайринизомӣ кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Яке аз табибони шаҳр Муҳаммад Абуҷаъфар гуфтааст, ки аз рӯзи 22-уми сентябр ба ин тараф марги 54 нафар ва аз ҷумла занону кӯдакони зиёдеро сабт кард. Ҳамза Хатиб, мудири шифохонаи Ҳалаб гуфтааст, ки 91 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG