Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

КМИР натиҷаи ниҳоии интихоботи Думаи Русияро эълон кард


Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Русия (КМИР) шаби панҷшанбе ба ҷумъа натиҷаи ниҳоии интихоботи 18 сентябри Думаи давлатиро эълон кард.

Тибқи ин раъйшуморӣ, Ҳизби "Русияи воҳид" 343 курсӣ, Ҳизби коммунистӣ 42 курсӣ, Ҳизби либерал-демократӣ 39 курсӣ ва Ҳизби "Русияи боадолат" 23 курсӣ дар ниҳоди қонунгузори Русия ба даст овардаанд. Аз Ҳизбҳои "Ватан" ва "Палатформаи шаҳрвандӣ" ва худпешбарҳо як нафарӣ вориди порлумони Русия шудаанд.

Мухолифони Русия ба иллати қонуншиканию сохтакориҳо дар рафти овоздиҳӣ ва ҳисоби раъйи мардум интихоботи 18 сентябрро қонунӣ эътироф намекунанд. Коршиносон низ мегӯянд, ки дар бархе аз нуқтаҳои овоздиҳӣ ҳолатҳои партофтани варақаҳои изофӣ мушоҳида шудааст.

Элла Памфилова, раиси КМИР ҳар чанд баъзе аз қонуншиканиҳоро эътироф кард, вале гуфт, ки интихоботи 18 сентябри Дума дар доираи қонун баргузор шудааст. Ба гуфтаи Памфилова, натиҷаи нуқтаҳои овоздиҳие, ки дар онҳо қонуншикании ҷиддӣ сурат гирифтааст, беэътибор дониста шуда, аз нав интихобот баргузор карда мешавад.

Қаблан хабар доданд, ки дар натиҷаи шикоят аз қонуншиканиҳо дар рафти интихоботи порлумонии Русия 32 парвандаи ҷиноӣ боз ва натиҷаи раъйгирӣ дар 9 нуқтаи овоздиҳӣ беэътибор дониста шуд.

XS
SM
MD
LG