Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Володинро ба раисии Дума пешниҳод кард


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба мақоми раиси Думаи Давлатӣ Вячеслав Володинро пешниҳод кард. Рӯзи гузашта матбуот дар бораи барномаҳои Путин, ки мехоҳад ноиби раиси дастгоҳашро дар раёсати порлумон бибунад, хабар доданд. Рӯзи ҷумъа дар мулоқот бо намояндагони ҳизбҳои ба узвияти ҳайати нави Думаи давлатӣ қабулшуда гуфт, ки интихоби раиси маҷлис дар ихтиёри худи вакилон аст, вале ӯву Медведев маҳз номзадии Володинро ба мақоми раиси Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳанд кард. Владимир Василйев, раиси фирқаи "Русияи воҳид" дар Дума гуфт, ки рӯзи 24 сентябр номзадии Володинро ба мақоми раҳбари маҷлис пешбарӣ хоҳад кард. Аз ин пеш Путин ба Сергей Наришкин, ки раҳбарии Думаро дар даъвати шашум ба ӯҳда дошт, пешниҳод кард, ки раҳбарии хадамоти ҷосусии берунаро ба ӯҳда гирад.

Вячеслав Володин соли 2011 муовини аввали раиси дастгоҳи президент таъйин шуд ва бештар бо масъалаҳои сиёсати дохилӣ сарукор дошт. Яке аз маъруфтарин изҳороте, ки аз забони Володин садо додааст, дар чаҳорчӯби маҳфили Валдай дар соли 2014 буд, вақте ӯ гуфт: "Путин набошад, Русияи имрӯза ҳам вуҷуд надорад". Ба Думаи давлатӣ Володин дар рӯйхати "Русияи воҳид" ворид шудааст.

Раиси Дума расман шахси чаҳорум дар қудрат аст. Вале, тавре вебсайти "Медуза" менависад, раисони собиқи Дума ҳеҷ гоҳ ба ҳайси шахсиятҳои қавии сиёсӣ арзёбӣ нашудаанд.

XS
SM
MD
LG