Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отамбоев барои идомаи табобат ба Маскав рафт


Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, ки Алмосбек Отамбоев, президенти ин кишвар, барои идомаи табобати бемории қалб ба Маскав рафтааст. Изҳороти дастгоҳи раёсати ҷумҳур, ки рӯзи 23 сентябр дар саҳифаи расмии президент нашр шуд, мегӯяд, ки Отамбоев саҳари барвақт ба Маскав расид ва то анҷоми табобат таҳти муроқибати табибони Маскав мемонад, ки дар гузашта низ дарди қалби ӯро ташхису табобат кардаанд.

Отамбоеви 60 сола ҳафтаи равон бо нороҳатӣ аз дарди қафаси сина сафари худро ба Ню Йорк ва иштирок дар Маҷмаи СММ-ро лағв кард. Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур гуфт президент дар ҳоле дардро дар қафаси синааш эҳсос кард, ки ҳавопаймои ӯ қабл аз идомаи парвоз ба Ню Йорк дар Туркия нишаст. Дастгоҳи президент авоили ҳафта гуфт, ки эҳтимолан Отамбоев то 1 октябр ба кор барнамегардад.

XS
SM
MD
LG