Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи ҳавопаймоҳо ба манотиқи таҳти назари шӯришгарон


Биноба гузоришҳо ҳавопаймоҳои ҷангӣ манотиқи таҳти назорати шӯришгаронро дар қисмати шарқии Алеппо ҳадаф қарор доданд. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифтаанд, ки талошҳои дипломатӣ барои бозгардонидани оташбас ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуданд. Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия дар Британия дар бораи дастикам 30 ҳамлаи ҳавоӣ гузориш додааст, ки субҳи 23 сентябр ба манотиқи мухталифи Алеппо зарба задаанд. Низомиёни Сурия, ки аз пуштибонии неруҳои ҳавоии Русия бархурдор ҳастанд, гуфтанд, ки рӯзи 22 сентябр амалиёти наверо барои маҳви шӯришгарон дар қисмати шарқии шаҳр оғоз кардаанд. Дар онҷо ҳудудан 250 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG