Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наришкин раиси Хадамоти ҷосусии Русия таъйин шуд


Владимир Путин, президенти Русия Сергей Наришкин, раиси пешини Думаи давлатиро раҳбари Хадамоти иктишофии хориҷии ин кишвар таъйин кардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл мегӯяд, Путин ин мақомро ба Наришкин зимни мулоқоташ бо ӯ, ки раҳбари кунунии хадамоти мазкур Михаил Фрадков ҳам дар он ҳузур дошт, пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи Песков, раиси пешини порлумони Русия ба пешниҳоди Путин розӣ шудааст. "Боре хуб фикр кунед, ки мо дар кадом вазъем ва комёбии ин хадамот барои рушди устувори боэътимоди кишварамон чи қадар муҳим аст", - гуфтааст Путин зимни вохӯрӣ.

Ба гуфтаи Путин, фаъолияти хадамоти мазкур барои он муҳим аст, ки таҳдидҳои зидди Русия на танҳо сари вақт пешгирӣ, балки бо роҳе аз байн бурда шаванд, ки дар марҳилаи аввали безараргардонӣ монеа эҷод накунанд.

Наришкини 61-сола зодаи шаҳри Санкт-Петербурги Русия буда, яке аз ҷонибдорони Путин шумурда мешавад. Як қатор расонаҳо навишта буданд, ки ӯ то омадан ба порлумон корманди Хадамоти амнияти федеролии Русия дар хориҷ буд.

XS
SM
MD
LG