Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоева хост, салоҳиятҳои пулисро зиёд кунанд


Дариға Назарбоева дар раҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдат дар Қазоқистон. Акс аз рӯзи 1-уми майи соли 2016
Дариға Назарбоева дар раҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдат дар Қазоқистон. Акс аз рӯзи 1-уми майи соли 2016

Раиси кумитаи муносибатҳои хориҷӣ, мудофиа ва амнияти палатаи болоии порлумони Қазоқистон Дариға Назарбоева гуфтааст, пулис бояд соҳиби салоҳиятҳои бештар бошад.

"Пешниҳод мекунам, ки мавқеи худи пулис бозбинӣ шавад. Ба онҳо бояд ӯҳдадорӣ ва ё ҳуқуқи бештаре дода шавад, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда чораҳои муассири ҷавобӣ биандешанд. Кормандони пулисе, ки дар Алмаато аз доираи вазифаи хизматӣ берун нарафтанд, аммо кушта шуданд", - гуфтааст, Назарбоева. Вай ҳодисаи 18 июли Алмааторо, ки ба бинои пулис ва Кумитаи амниятӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ёдовар шудааст.

Вай ҳачунин гуфтааст, ки таҳсил, таълим дар мактабҳо, муносибати мактабу оила, мавқеи пулиси маҳаллӣ ва табибони маҳаллӣ, хадамоти иҷтимоӣ ниёз ба бозбинӣ доранд.

XS
SM
MD
LG