Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари садамаи яке аз чархболҳои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия се сарнишин ҳалок шуд. Вазорат мегӯяд, ки чархболи МИ-8 рӯзи 21 сентябр дар ҳоле суқут кард, ки маъмурияти омӯзишӣ анҷом медод. Матбуоти Русия бо такя ба гуфтаҳои мақомоти ҳавонавардӣ навиштаанд, ки ду худнависи парвоз ё ҷаъбаи сиёҳ аз шикастапораҳои чархбол ёфт ва барои бозҷӯӣ ба Кумитаи Ҳавонавардӣ фиристода шудаанд.

Чархболи МИ-8 дар амалиётҳои низомӣ ва мулкӣ дар Русия ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ истифода мешаванд. Дар садамаҳои гузаштаи МИ-8 мақомот бисёр вақт нигоҳдории бади фаннӣ ва сарфи назар шудани чораҳои бехатариро сабаб овардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG