Пайвандҳои дастрасӣ

Роуз Ҳамид маъзаратхоҳии Трампро интизор аст


Як зани мусалмони амрикоӣ барои бархурди баде, ки бо ӯ дар ҷамъомаде бо иштироки номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ сурат гирифт, шарҳи Трампро интизор аст. Доналд Трам, ки манъи муаваққатии вуруди мусалмонҳо ба Амрикоро ташвиқ мекунад, дар мулоқоти рӯзи 8 январ дар Шарлотта дар бораи паноҳандагони Сурия сӯҳбат мекард. Ҳамин вақт Роуз Ҳамид бо навиштаҷоти "Салом- ман бо сулҳ омадаам" дар пероҳанаш аз байни тӯдаи ҷамъомадаҳо баланд шуд. Аммо ҷонибдорони Трамп бо ӯ бархурди бад карданд ва нагузоштанд пайғомашро бирасонад. Баъдан нафарони амниятӣ Роуз Ҳамидро аз толор берун карданд.

Аммо Шӯрои Равобити Амрико ва Ислом аз Доналд Трамп даъват кард, барои рафторе, ки ба Роуз Ҳамин анҷом шудааст, маъзарат пурсад. Ниҳод Овод раҳбари ин гурӯҳ аз Трамп даъват кард бо раҳбарони мусалмонҳои Амрико мулоқот ва барои манъи мавҷи эҳсоси зидди мусалмонҳо кӯмак кунад, ки ба гуфтаи онҳо аз хитобҳои Трамп ва довталабони дигари курсии раёсат аз Ҳизби Ҷуҳмурихоҳ ба миён омадааст.

XS
SM
MD
LG