Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7,6 соли зиндон барои як мақоми ҳукумати Қубодиён


Ориф Ҳайбуллоев
Ориф Ҳайбуллоев

Додгоҳи вилояти Хатлон Ориф Ҳайбуллоев, мудири Шӯъбаи кадрҳои ҳукумати ноҳияи Қубодиёнро ба мӯҳлати 7,6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳабси мудири Шӯъбаи кадрҳои ноҳияи Қубодиёнро рӯзи 22 сентябр додгоҳи вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Як манбаъ гуфт, ки ҳукми додгоҳ аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст. Додгоҳ Ориф Ҳайбуллоевро бар асоси моддаи 319, қисми 4-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон, яъне гирифтани пора, бо тамаъҷӯи ва такроран гирифтани пора айбдор кардааст. Ғулом Бобоев, вакили Ориф Ҳайбуллоев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зерҳимояаш ба ҳангоми гирифтани 1000 сомонӣ аз як сокини ноҳия боздошт шуда буд. Дар ҳамин ҳол аз Шӯъбаи умумии додгоҳи вилояти Хатлон гуфтанд, ки ба онҳо аз номи наздикон ва вакили Ориф Ҳайбуллоев аризаи касатсионӣ ё шикояти расмӣ аз ҳукми баровардаи раиси мурофиа Амриддин Сафарзода расидааст. Ориф Ҳайбуллоев, мудири Шӯъбаи кадрҳои ҳукумати ноҳияи Қубодиён 1 июли соли ҷорӣ дар утоқи кориаш бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллӣ боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG