Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рустами Эмомалӣ ду майдони футбол ифтитоҳ кард


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи 22 сентябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа ду майдони бозии футболро расман ифтитоҳ намуд. Мақомоти шаҳри Қӯрғонтеппа ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъди расми ифтитоҳи майдонҳои футбол дар маҳаллаи Ваҳдати ин шаҳр, бозии шаш даста оғоз шуд.

Исроил Шарипов, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон ва раҳбари тими футболи "Вахш" рӯзи 22 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин майдонҳои бозии футбол бо кумаки молии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиё таъсис ёфтааст. Тибқи иттилои расмӣ Рустами Эмомалӣ рӯзи 22 сентябр инчунин майдони дигари бозии футболро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор медиҳад ва онҷо низ бозии футбол миёни наврасону ҷавонон оғоз мегардад. Ин бозиҳо бахшида ба 25-солагии истиқлолияти кишвар ташкил шудаанд.

XS
SM
MD
LG