Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко Сурия ва Украинаро майдони ҷангҳои Русия номид


Президент Петр Порошенко рӯзи чаҳоршанбе ҳангоми суханрониаш дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ Украина ва Сурияро майдони ҷангҳои Русия номид.

Ба гуфтаи вай, амалиёти нерӯҳои Русия дар Сурия ҳодисаҳои Украинаро ба ёдаш меоранд. Порошенко изҳор доштааст, ки Русия дар ҳар ду ҳолат нахуст ба барангехтани даргириҳо мусоидат карда, баъдан нақши миёнаравро ба зимма гирифтааст.

Президенти Украина даъват кардааст, ки кишварҳои иштирокчии задухурдҳои мусаллаҳонаро аз ҳаққи вето дар Шӯрои амнияти СММ маҳрум кунанд.

Низои Донбасс баҳори соли 2014, дақиқтараш баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия оғоз шуд. Киев ва кишварҳои Ғарб Москваро дар он айбдор мекунанд, ки ба ҷудоихоҳон ёрии низомӣ мерасонад. Аммо Кремл инро рад мекунад. Ба ҳисоби СММ, аз оғози даргириҳои Донбасс инҷониб 9 ҳазору 600 одам кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG