Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паради низомии Эрон дар солгарди ҷанги 8 сола бо Ироқ


Эрон дар солгарди ҷанги ҳаштсола бо Ироқ дар солҳои 1980-ум, гашти низомӣ баргузор кард. Дар гашти низомии Теҳрон рӯзи 21 сентябр тонкҳо, сохтори мушаки зидди ҳавоии S-300-и русӣ ва сохтори мушаки дурпарвози "Имод"-и сохти Эрон ба намоиш даромаданд. Раиси ситоди нерӯҳои Эрон Муҳаммад Боқирӣ дар сухарониаш бахшида ба ин сана гуфт, дарсе, ки Эрон аз ҷанги солҳои 1980-1988 бо Ироқ гирифт, "раҳнамоест барои бародарони ҳаммазҳаби мо дар Сурия, Фаластин, Лубнон, Ироқ, Афғонистон, Яман ва Баҳрайн."

Боқирӣ ҳамчунин гуфт, ки созиши амниятии Амрико бо Исроил "моро дар таҳкими неруи дифоии кишвар қотеътар мекунад". Гашти низомӣ бо иштироки нерӯҳои дарёгард дар Бандар Аббос баргузор шуд, ки дар он фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоб Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ ба Амрико ҳушдор дод, ки ба Халиҷи Форс дахолат накунад.

XS
SM
MD
LG