Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот ба думболи тирандозии пулис дар Королинаи Шимолӣ


Пулиси Амрико мегӯяд, дар ҷараёни намоиши эътирозӣ, ки баъди тирандозии пулис дар аёлати Каролинаи Шимолӣ рух дод, 12 афсари пулис захм бардоштанд. Тазоҳургарони хашгин мошинҳои пулисро шикастанд ва шоҳроҳро ба сӯи шаҳри Шарлотт, ки тирпарронии рӯзи 20 сентябр дар онҷо сурат гирифта буд, масдуд карданд. Пулис барои пароканда кардани тӯдаи мардум аз гази ашковар истифода кард.

Аввали ҳамон рӯз марди сиёҳпусте бо номи Кейт Ламонт Скотт аз ҷониби як пулиси сиёҳпӯст шиллик шуд ва дар бемористон ҷон дод. Пулис мегӯяд, ки ин мард силоҳ дошт ва "таҳдиди ногузири маргбор" эҷод мекард, аммо хешони ин мард гуфтанд, ки ӯ дар даст китоб дошт.

Эътирозҳо як рӯз баъди он шурӯъ шуд, ки пулис дар шаҳри Талсаи Оклаҳома гуфт, марди сиёҳпӯстеро, ки онҳо ҳафтаи гузашта куштанд, мусаллаҳ набуд. Садҳо нафар дар назди идораи пулис намоиши эътирозӣ барпо карданд.

XS
SM
MD
LG