Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми расмӣ алайҳи афғонтабори амрикоӣ


Додситони федеролӣ амрикоии афғонтабор Аҳмадхон Раҳамиро ба истифодаи силоҳи қатли ом ва ҷурмҳои дигари марбут ба бомбгузорӣ дар Манҳеттен муттаҳам кард. Тибқи парвандаи ҷиноӣ Раҳамӣ ба як силсила бомбгузориҳо дар Ню-Йорк ва Ню-Ҷерсӣ айбдор шудааст. Ӯ дар таърихи 19 сентябр баъди даргирӣ бо полис дар Ню-Ҷерси боздошт шуд ва ҳоло дар бемористон қарор дорад. Ин марди афғонтабор ҳамчунин ба тирпаронӣ ва захмӣ кардани ду ходими пулис муттаҳам шудааст. Муфаттишон мегӯянд, ки Раҳамӣ ду бомбаро дар наздикиҳои Челсӣ гузошт, ки бар асари таркиши онҳо 29 нафар захм бардошт. Бомбаи дигар бидуни хисорот дар Ню-Ҷерси таркид. Раҳамӣ ҳамчунин ба гузоштани бомба дар қуттии партов дар наздикиҳои истгоҳи қаторҳои Ню-Ҷерсӣ низ айб дор мешавад.

XS
SM
MD
LG