Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрдуғон ҷаҳонро ба иқдом алайҳи Гулен даъват кард


Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз сарони давлатҳои ҷаҳон даъват кард, ки алайҳи "шабакаи террористи"-и рӯҳонии сокини Амрико Фатҳулло Гулен иқдом кунанд. Эрдуғон рӯзи 20 сентябр дар ҷараёни суханрониаш дар Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки "ҳамаи дӯстони мо ба хотири амният ва ояндаи мардуми худ оҷилан алайҳи "шабакаи террористии Гулен аз чораҳои зарурӣ кор бигиранд". Мақомоти Туркия Фатҳулло Гуленро ба ташкили табаддулоти номуваффақ дар моҳи июли соли равон муттҳам мекунанд, иттиҳоме, ки ин рӯҳонии муътадил радмекунад.

Мақомоти ИМА дар робита ба боздодани Гулен ба Туркия, ки то чанд соле пеш аз шарикони наздики Эрдуғон буд, тасмим надоранд. Рӯҳонӣ Фатҳулло Гулен шабакаи мактабҳо ва бизнесҳои ғайримазҳабиро дар даҳҳо кишвари ҷаҳон ба роҳ мондааст. Эрдуғон нагуфтааст, ки чӣ тавр Гулен ба амнияти кишварҳои дигар таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG