Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “Озмуни беҳтарин хабарнигори фаврӣ” эълон кардааст. ​Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 21 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар сомонаи расмии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Эмомалӣ, «Хабарнигори фаврӣ» ҳангоми пешниҳоди навори беҳтарин аз тарафи комиссияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳӣ шуда, бо тӯҳфаҳои арзишманд ва маблағҳои пулӣ мукофотонида мешавад. Ҳамчунин шахсоне, ки дар ҷамъбасти семоҳа навори беҳтарин ирсол кардаанд, новобаста аз тӯҳфаи гирифтаашон дар озмунҳои пештара, аз нав қадрдонӣ мешаванд”.

Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Эмомалӣ, «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj@mail.ru истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд".

Тибқи талаботи озмун алоқамандон метавонанд маводҳои худро бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ирсол намоянд. Ба гуфтаи сухангуи вазорати корҳои дохилии махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.

Ин барои бори нахуст аст, ки вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон озмунеро ба ин шева баргузор мекунад ва ба гуфтаи мақомот ҳадафи ин иқдом мусоидати ҷомеа дар таъмини тартибу низом дар кишвар ва амнияту суботи сокинон аст.

XS
SM
MD
LG