Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Газпром то охирҳои соли 2018 аз Туркманистон газ намехарад


Ширкати русии "Газпром" то охири соли 2018 аз Туркманистон нияти харидани газро надорад ва баҳсҳояшро бо "Туркмангаз" дар Додгоҳи ҳакамии Стокҳолм қатъ кардааст. Ин нуктаро Александр Медведев, муовини мудири ширкати мазкур дар суҳбат бо рӯзноманигорон иброз доштааст.

"Ду сол вақт гирифтем, то имкониятҳои ҳамкориро пайдо кунем. Мунтазам мулоқот ва масоилро муҳокима хоҳем кард", - шарҳ додааст вай зимни суҳбат бо Reuters. Ба гуфтаи Медведев, ҷонибҳо созиш кардаанд, ки феълан ба таври ором ва бидуни баҳсҳои ҳакамӣ рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳоро баррасӣ кунанд.

Ширкати русии "Газпром" аз соли 2009 инҷониб аз Туркманистон ҳар сол 10-11 миллиард метри мукааб газ мехарид ва миёнаҳои соли 2015 аз болои "Туркмангаз" ба Додгоҳи ҳакамии Стокҳолм шикоят бурд ва аз ибтидои соли равон шартномаашро бо ин ширкат бекор кард. Зеро Туркманистон нархи газро бо вуҷуди ба таври назаррас поин рафтани он дар Аврупо тағйир надод. Аз ин рӯ, "Газпром", ки гази Туркманистонро ба Аврупо интиқол медод, солҳои ахир зарар дид. Ба иттилои "Интерфакс", "Газпром" ба воситаи додгоҳи ҳакамӣ аз Туркманистон талаб кардааст, ки 5 миллиард доллари пешпардохтро бозпас диҳад.

Дар ҳамин ҳол, Мария Белова, коршиноси Vygon Consulting мегӯяд, "Газпром" шояд барои он ба гуфтушунид рӯй овардааст, то вақтро ба дарозо бикашад ва таваҷҷуҳи Туркманистонро ба нақшаи содироти газ тавассути баҳри Каспий ба Озарбойҷон камтар кунад.

XS
SM
MD
LG