Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси пешини корхонаи мошинсозии Ӯзбекистон шартан озод шуд


Раиси пешини корхонаи муштараки мошинсозии Ӯзбекистону Амрико GM Uzbekistan Тоҳирҷон Ҷалилов шартан то шуруъи муҳокимаҳои додгоҳӣ ба озодӣ баромад. Вай 29 апрели соли ҷорӣ боздошт ва дар СИЗО-и КДАМ нигаҳдорӣ мешуд.

Ҷалилов ба шарти берун нарафтан аз ҳудуди шаҳри Тошканд охири ҳафтаи гузашта озод шудааст.

Тоҳирҷон Ҷалилов аз соли 2010 то замони боздошт корхонаи GM Uzbekistan-ро роҳбарӣ мекард ва ҳамзамон муовинати раиси ширкати саҳҳомии "Ӯзавтосаноат"-ро бар зима дошт. Вай бо гумони ғасби маблағҳои ширкат боздошт шуда буд.

Дар натиҷаи тафтишҳо, ба ҷуз аз Тоҳирҷон Ҷалилов дасти кам 10 корманди дигари корхона боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG