Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон коршиноси Лубнониро 10 сол ҳабс кард


Низор Закка, коршиноси лубнонӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ, ки Эрон ӯро як сол пеш боздошт кард, ба муҳлати 10 сол зиндонӣ ва беш аз 4 миллион доллар ҷарима шуд. Ин сокини Вашингтон моҳи сентябри соли 2015 баъди иштирок дар конфронси созмондодаи ҳукумати Эрон бахшида ба мавзӯи соҳибкорӣ ва шуғл дар Теҳрон боздошт шуд. Шабакаҳои телевизиони таҳти контроли давлат ва расонаҳои тундрав Заккаро ба доштани робита бо низомиён ва хадамоти истихбороти Амрико муттаҳам карданд. Дар изҳороте, ки Ҷейсон Поблете, вакили Закка аз Амрико ба Радиои Озодӣ фиристод, гуфта мешавад, ки додгоҳи инқтилоб барои зерҳимояи ӯ дар 60 саҳифа ҳукм баровард. Ӯ мегӯяд, ки Закка гуноҳ надорад ва аз ӯ ҳамчун муҳраи сиёсӣ истифода шудааст. Низор Закка Дабри кулли созмони Иртиботи Араб ва Текноложии Иттилоотӣ аст, ки рушди интернетро дар Ховари Миёна таблиғ мекунад.

XS
SM
MD
LG