Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремлин: Умедворӣ барои оташбаси Сурия зайиф аст


Русия мегӯяд, оташбаси Сурияро дар ҳоле метавон аз сар гирифт, ки агар ҳуҷумҳо ба неруҳои ҳукуматӣ қатъ шаванд. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 20 сентябр гуфт, ки феълан умедворӣ барои оташбаси Сурия бисёр зайиф аст. "Шартҳо хеле маъмулӣ ҳастанд: тирпарониҳо қатъ шаванд ва террористҳо ҳуҷум ба неруҳои Сурияро бас кунанд", - гуфтааст Дмитрий Песков. Изҳороти Песков дар ҳоле пахш шуд, ки Гурӯҳи пуштибони Сурия - кишварҳое, ки ба тарафҳои муқобили низоъ кӯмак мекунанд, дар Ню-Йорк ҷамъ шудаанд.

Вазири умури хориҷии Олмон Франк-Валтер Штанмайер дар роҳ ба сӯи Ню Йорк гуфт, қудратҳои ҷаҳонӣ бояд бубинанд, ки роҳе барои бозгашт ба гуфтушуниди созиш боқӣ мондааст ва ё умедҳо барбод рафтаанд. Рӯзи 19 сентябр низомиёни Сурия аз поёни оташбаси якҳафтагӣ бо миёнҷигии Русияву Амрико хабар доданд, ки дар тули он Вашингтон ва Маскав барои иқдомоти нокофӣ дар татбиқи созиш аз якдигар домангир шуданд.

XS
SM
MD
LG