Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Милал ирсоли кӯмак ба Сурияро боздошт


Баъди ҳамлаи маргбор ба корвони кӯмакҳои башарӣ, Созмони Милали Муттаҳид фиристодани ин гуна корвонҳо ба тамоми қаламрави Сурияро муттавақиф кард. Йенс Ларке, сухангӯи идораи кӯмакҳои башарии Созмони Милал рӯзи 20-уми сентябр гуфт, “то замони арзёбии вазъи амниятӣ дар оянда” ирсоли кӯмакҳо аз сар гирифта намешавад. Вай гуфт, ки Созмони Милал аз ҳукумати Сурия иҷоза гирифтааст, ба тамоми қаламрави кишвар корвони кӯмакҳои башариро бифристад. Созмони Ҳилоли Аҳмари Сурия гуфт, тамоми фаъолияташро дар шаҳри Ҳалаб барои се рӯз боздошт. Рӯзи 19-уми сентябр бар асари ҳамла ба корвони мошинҳои башарии Созмони Милал ва анбори Салиби Сурх 20 ғайринизомӣ кушта шуданд. Бенуф Карпентер, сухангӯи Созмони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ин бора гуфт: "Ҳамлаи дирӯза нақзи ошкори қонунҳои байналмилалии башарӣ ва ғайриқобили қабул аст. Нокомӣ дар баробари ҳимояти кормандони хайрия ва сохтор, барои амалиёти дар ҳоли анҷом дар ин кишвар паймади ҷиддӣ дорад ва миллионҳо нафарро аз дастрасӣ ба кӯмак, ки барои бақои зиндагиашон зарур аст, маҳрум мекунад." Маълум нест, ба корвон кӣ ҳамла кардааст. Ҳодиса баъд аз он сар зад, ки артиши Сурия бо миёнҷигарии Русияву Амрико созиши оташбаси якҳафтаӣ эълон кард.

XS
SM
MD
LG