Пайвандҳои дастрасӣ

Украина интихоботи Русияро эътироф намекунад


Порлумони Украина бо як қарор интихоботи Русияро бинобар райъдиҳӣ дар қаламрави нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ғайриқонунӣ эълон кард. Тарҳи ин қарорро ба порлумон ҳизби "Ҷабҳаи миллӣ"-и Украина пешниҳод кард ва 264 намояндаи мардумӣ ба он раъйи мусбат доданд. Дар ин санад ҳамчунин аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват шудааст, ки дар робита ба интихоботи Русия аз мавқеи Украина пуштибонӣ кунанд.

Рӯзи гузашта Вазорати хориҷии Украина бо пахши як изҳорот овоздиҳиро дар қаламрави Қрим маҳкум кард. "Таъсиси ҳавзаҳои овоздиҳӣ дар як бахши ҷудонашавандаи Украинаи мустақил нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аст", - омадааст дар ин изҳорот. Мақомоти Украина барои боз намудани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи ташкилкуннадагони интихобот дар қаламрави ишғолшуда изҳори омодагӣ карданд.

Нимҷазираи Қрим соли 2014 аз ҷониби Русия ишғол шуд. Украина ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳамоишро эътироф намекунанд ва Қримро як бахши Украина медонанд.

XS
SM
MD
LG