Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел масъулияти шикасти ҳизбашро пазируфт


Садри аъзами Олмон, Ангела Меркел гуфт, ки масъулияти ҳиссаи худро дар шикасти шадиди Ҳизби Христиан-Демократ дар интихоботи Берлин бар дӯш мегирад. Бинобар натоиҷи расмӣ, Ҳизби Меркел дар интихоботи 19 сентябр 17,6 дар сади райъҳоро ба даст овардааст, ки барои ин ҳизб бадтарин натиҷа будааст. Меркел дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз иштибоҳҳое, ки ба бӯрони муҳоҷирон дар соли гузашта дар Олмон саҳм доштаанд, изҳори таассуф кард. "Агар метавонистам, вақтро ба қафо баргардонам, ба солҳои зиёд, то беҳтар омода мешудам"- гуфт Меркел ва афзуд, ки агар ӯ аз хоҳишҳои мардум барои дигар кардани сиёсати муҳоҷират огоҳ мебуд, ҳатман онро арзёбӣ мекард. Ҳизби ростгарои мухолифи муҳоҷират, "Алтернатива барои Олмон", бо 14 дар сади раъйҳо барои аввалин бор ба порлумон роҳ меёбад. Ҳизби марказу чапгарои сотсиал демократ бо 22 дар сади овозҳо ба қавитарин ҳизб табдил шуд. Ду ҳафта пеш "Алтернатив барои Олмон", ҳизби Меркелро дар минтақаи шимолии Мекленбург ба ҷойи сеюм фаровард. Маъруфияти Ангела Меркел аз соли гузашта, аз замоне, ки ӯ марзҳоро ба рӯи муҳоҷирон боз кард, рӯ ба коҳиш овард.

XS
SM
MD
LG