Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти афғонтабори Амрико бо пайванди ӯ ба таркишҳо


Мақомоти Амрико шоми рӯзи душанбе алайҳи шаҳрванди афғонтабори Амрико бо гумони кӯшиши қатли кормандони пулис айб эълон карданд. Ин танҳо як бахши иттиҳом алайҳи Аҳмад Хон Раҳамӣ аст. Ӯ ҳамчунин ба даст доштан дар тарҳрезии таркишҳои 17-уми сентябр дар Ню Йорк ва Ню Ҷерсӣ, гумонбар дониста мешавад. Дар ин таркиш дар маҳаллаи Челсӣ дар маркази Ню Йорк 29 нафар захм бардоштанд.

Раҳамӣ шоми душанбе дар шаҳраки Линдени Ню Ҷерсӣ боздошт шуд. Ӯро баъд аз он дастгир карданд, ки соҳиби як тарабхона ӯро дар пушти дар хуфта ёфт ва ба пулис занг зад. Раҳамӣ баъди тирпарронӣ боздошт шуд ва захмҳои сабук бардоштааст. Аввалин далел алайҳи ӯ навори дурбинҳои назоратӣ аст. Раҳамӣ дар ибтидо бо борхалтаи калон дар кӯчаи рақами 23 каме пештар аз таркиш ба навор афтодааст. Баъдан дурбин ӯро дар кӯчаи рақами 27 дар маконе сабт кардааст, ки аз он ҷон як абзори худсохти тарканда ёфтанд.

Маълум шудааст, ки дар тӯли панҷ соли ахир Раҳамӣ вақти зиёди худро бо наздиконаш дар Афғонистон ва Покиситон сипарӣ кардааст. Баъди бозгашт аз ин ду кишвар мақомот ӯро бозпурсӣ карданд ва азбаски посухҳояш шубҳабарангез набуданд, ӯро ҷавоб доданд. Хадамоти Тафтишотии Амрико дар бораи вуҷуди ҳалқаи террористӣ дар Ню Йорк маълумот надорад.

Раҳанӣ ҳамчунин ба тарҳрезии таркишҳо дар шаҳраки Сисайди шаҳри Ню Ҷерсӣ гумонбар дониста мешавад. Абзори тарканда дар қуттии партоб ҷой дошт ва дар ин ҷо бояд марофон ё дави хайрия бо ибтикори нерӯҳои баҳрии Амрико баргузор мешуд. Касе инҷо осеб надид. Каме дуртар аз инҷо ду бомбаи нотаркидаи дигар ошкор шуд. Ба ғайр аз ин дар шаҳре ки Раҳамӣ зиндагӣ мекард, халта бо панҷ абзори тарканда пайдо шуд ва вақти таҳқиқи халта бо робот яке аз бомбаҳо таркид. Рӯзи душанбе Маҷмаъи кулли СММ дар Ню Йорк ба кор сар кард ва тадобири амниятӣ дар шаҳр таҳким ёфтанд.

XS
SM
MD
LG