Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми кӯдакозорӣ алайҳи як ҷавон


Дар Қазоқистон як шаҳрванди Узбакистонро бо гумони кӯдакозорӣ (педофилия) дастгир кардаанд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ҷавони ӯзбактабор духтарчаеро зуран ба боғ дароварда, кӯшиш кардааст, ки ӯро таҷовуз кунад.

Ба иттилои Informburo.kz, як сокини 38-солаи Жезказган аз вуқуи ин ҷинояти нангин ҷилавгирӣ кардааст. Вай пулисро даъват карда, гуфтааст, ки шахси номаълуме мехост, духтари 10-соларо таҷовуз кунад.

"Дар макони ҳодиса кормандони пулис шаҳрванди 23-солаи Узбакистонро, ки муқими вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ аст, дастгир кардаанд. Феълан ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад", - иттилоъ додааст РКД вилояти Қарағанда.

Манбаъ мегӯяд, нисбати боздоштшуда тафтишоти пешакӣ бо айби кӯшиши таҷовуз ба номус оғоз гардидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG