Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як узбактабор бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Русия


Украина аз боздошти як узбактабор бо гумони ҷосусӣ ба фоидаи Русия, хабар дод. Хадамоти марзбонии Русия мегӯяд, ки марди гумонбар рӯзи 19-уми сентябр дар ҳоле боздошт шуд, ки мехост аз тариқи посгоҳи марзӣ ба вилояти Харкови Украина ворид шавад. Ба гуфтаи ин ниҳод, марди узбактабор дар либосҳояш дурбинро пинҳон карда буд ва ҳамчунин дар ҷайбаш дастгоҳи сабти садо ва видео дошт. Ин шаҳрванди Узбакистон, ки номаш эълон нашудааст, ба марзбонҳо гуфтааст, дастгоҳҳои сабтро мақомоти Русия баъди он ба ӯ доданд, ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави он кишвар боздошт шуда буд. Хадамоти марзбонӣ ин мардро барои идомаи тафтиш дар ихтиёри кормандони Хадамоти амнияти Украина қарор додааст.

XS
SM
MD
LG