Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Маҷмаъи Кулли СММ дар Ню Йорк ифтитоҳ шуд


Нишасти 71- уми Маҷмаъи Кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк ба кор оғоз кард. Дар ин нишаст 136 раҳбари давлат ва ҳукумат аз саросари ҷаҳон то 26 сентябр бӯҳронҳои ҷиддии дунё, ба монанди, ҷанги Сурия, ҳамлаҳои ифротгароёни исломӣ ва вазъи миллионҳо инсонро, ки аз маконҳои ҷангу фақр фирор кардаанд, ба баҳс мекашанд. Дабири кулли созмон Пан Ги Мун ва президенти Амрико Барак Обама барои охирин бор дар ин нишаст сухаронӣ мекунанд.

Аксари раҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ки як рӯз қабл аз оғози Маҷмаъи кулл барои баҳси масъалаи паноҳандагон ва муҳоҷирон ба Ню Йорк омаданд, эъломияеро дар бораи ҳамоҳангӣ ва вокунишӣ зарурӣ ба вазъияти 65 миллион мардуми беҷошуда тасвиб карданд.

Дастоварди бештар дар ин замина дар нишасте ҳосил хоҳад шуд, ки бо даъвати президент Обама 20 сентябр баргузор мешавад ва дар он намояндаи 40 давлат барои кӯмак ба паноҳандагон ва муҳоҷирон пешниҳодҳои тоза ворид мекунанд. Дар оғози рӯз дипломатҳои Амрико ва Русия машваратеро дар доираи гурӯҳи байналмилалии дастгирии Сурия баргузор мекунанд. Ин гурӯҳ аз кишварҳое иборат аст, ки ҷонибҳои даргири Сурияро пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG