Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ню Йорк як абзори дигар таркид


Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҳангоми хунсо кардани як абзори шубҳаовар дар истгоҳи қатор дар Ню Ҷерсӣ дар Ню Йорк ин абзор таркидааст. Барои безарар кардани абзор дар рӯзи 19-уми сентябр мутахассисон роботро истифода бурдаанд. Мақомот гуфтанд, мутахассисон мехостанд, яке аз 5 абзори шубҳанокро безарар кунанд, ки дар дохили халтае дар қуттии партоб дар истгоҳи роҳи оҳан ёфт шуд. Пеш аз ин ҳодиса, рӯзи 17-уми сентябр дар маҳаллаи Манҳеттен дар маркази Ню Йорк як бомби худсохт таркид ва 29 нафарро маҷрӯҳ кард. Каме дуртар аз ин ҷо як бухорипазеро пайдо карданд, ки онро ба абзори тарканда табдил додаанд. Дар дигар маҳаллаи Ню Йорк дар Ню Ҷерсӣ як бомби лӯлаӣ таркид, вале касе дар натиҷаи он осеб надид. Мақомоти Амрико мегӯянд, ҳанӯз иртиботе байни ин бомбгузориҳо ва гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ пайдо накардаанд.

XS
SM
MD
LG