Пайвандҳои дастрасӣ

Созиши оташбас дар Сурия таҳти хатар монд


Баъди зарбаи ҳавоии Амрико дар Сурия ва марги 62 сарбози давлатӣ, созиши оташбас дар вартаи фурӯпошӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи хабарнигорон, рӯзи 18-уми сентябр ҳамлаҳои паёпай дар шаҳри Ҳалаб дар рӯзи 18-уми сентябр низ хатари шикастани созиши оташбасро бештар кардааст. Шаҳри Ҳалаб дар дасти шӯришиёнест, ки ба зидди ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд. Қатъи ҷанг дар Ҳалаб ва интиқоли кӯмакҳои башарӣ барои мардуми мӯҳтоҷ дар шаҳр аз бахшҳои аслии созиши оташбасе аст, ки бо миёнҷигарии Амрикову Русия ҳосил шуд ва рӯзи 12-уми сентябр ба иҷро даромад. Русияву Амрико ҳамдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам карданд. Равобит байни ду тараф баъд аз он бадтар шуд, ки дар зарбаҳои ҳавоии Амрико бо ҷалби ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар рӯзи 17-уми сентябр даҳҳо сарбози Сурия кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG