Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулини ширкати мусиқие, ки бо баргузории ҷашнвораҳои овозхонҳои кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон машғуланд, аз лағви консерти навбатӣ дар Мадина Ҷумейра хабар доданд. Масъулини ширкати мусиқии Big Apple Music Awards хабар доданд, ки бо сабаби сар задани моҷарои нави пулӣ нақшаҳои баргузории консерти навбатӣ бо ширкати ситораҳои Шарқ дар рӯзи 23 сентябр дар Дубай лағв шуд.

Стелла Бояҷон, президенти шӯрои бунёди Big Apple Music Awards дар шаҳри Ню-Йорк дар як сӯҳбаташ бо телевизиони MBC (Mideast Broadcasting corporation) ахиран гуфт, ки консерт бо сабаби пардохт нашудани хароҷоти ташкилии ин маросим аз ҷониби як шарикаш дар ин ширкат лағв шуда, мӯҳлати баргузории он ба рӯзи 27 ноябр ва дар Ню-Йорк барномарезӣ шудааст. Стелла Бояҷон гуфтааст, ки хароҷоти кулли консерти Дубай, ки дар он қарор буд ситораҳои попи шарқ ҷамъ меомаданд, 750 ҳазор доллар аст ва қисме аз ин пул ҳамчун пешпардохт ирсол шуда буд.

Дар ин консерт аз Тоҷикистон қарор буд Фарзонаи Хуршед иштирок мекард ва ҳоло ӯ мегӯяд, ки аз рӯи даъватномаи нав охири ноябр дар Ню-Йорк бо суруди наваш иштирок мекунад. Ин моҷарои навбатӣ бо иштироки масъулини ширкати Big Apple Music Awards (ИМА) аст, ки дар соли ҷорӣ рух медиҳад. Моҳи январи имсол Стелла Бояҷон гуфт, ширкати тафреҳии Daf Entertainment (Олмон) ғайриқонунӣ аз рамзи тиҷоратӣ ва исми ҷоизаи мӯътабари мусиқии Big Apple Music Awards-BAMA истифода кардааст. Моҳи августи соли ҷорӣ маросими ҷоизасупории ин ширкат дар Ҳамбург бо иштироки Шабнами Сурайё, Меҳрнигори Рустам ва Валиҷон Азизов тоҷик баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG