Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сухтор дар Калифорния садди роҳандозии маҳвора шуд


Роҳандозии маҳворае, ки қодир аст аз кайҳон аксҳои босифати заминро бигирад, бинобар сухтор дар ҷангалҳои наздики пойгоҳи Неруҳои Ҳавоии ИМА дар Калифорния ба таъхир афтод. Қарор буд, ки мушаки "Атлас-5" ин моҳвораро, ки бештар бо номи "Ҷаҳонбинӣ-4" маълум аст, аз пойгоҳи низомии Вандерберг ба кайҳон бубарад. Аммо оташнишонҳое, ки бояд ҳангоми роҳандозии мушак дар дастрас мебуданд, ба хомуш кардани оташ дар наздикиҳои пойгоҳ ҷалб шуданд ва бо ҳамин мушак ба ҳаво баланд нашуд. Дар маҷмуъ 800 коргари оташнишон ба хомӯш кардани сухтор машғул шуданд. Парвози навбарии мушаки "Атлас-5" ба 26 сентябр барномарезӣ шудааст. Ин моҳвора аз намунаҳои тозаест, ки ширкати Lockheed Martn барои дастрасӣ ба аксҳои босифати замин аз кайҳон бунёд кардааст.

XS
SM
MD
LG