Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 5 нафар дар робита ба таркиш дар Ню Йорк


Баъд аз таркиш дар Ню Йорк

Баъд аз таркиш дар Ню Йорк

Ба гузориши расонаҳои Амрико мақомоти интизомӣ 5 нафарро барои бозпурсӣ дар бораи таркиш дар Ню Йорк боздошт карданд. Дар натиҷаи таркиши бомби худсохте дар маҳаллаи Челсӣ дар маркази Ню Йорк рӯзи 17-уми сентябр 29 нафар захмӣ шуданд. Бино ба гузоришҳо, панҷ нафарро, ки дар мошине дар шоҳроҳе дар Ню Йорк ҳаракат мекарданд дастгир карда ва барои бозпурсӣ ба қароргоҳи Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико бурдаанд. Идораи мазкур рӯзи 19-уми сентябр гуфт, ки ҳеҷ яке аз боздоштшудагонро ба таркиш дар кӯчае дар маҳаллаи Челсӣ муттаҳам накардаанд. Мақомоти Амрико дар ҷустӯҷуи фарде ҳастанд, ки бомби худсохтро дар ин кӯча гузоштааст. Муфаттишон мегӯянд, таҳқиқ нишон дод, ки бомби мазкур осори "таннерите", як маводи таркандаро доштааст, ки аз мағозаҳои варзишӣ харида мешавад. Айни замон эҳтимоли иртиботи таркиш ба бомби худсохти дигар дар наздикии маҳалли таркиш ва инфиҷори бомби лӯлаӣ дар Ню Ҷерсӣ таҳқиқ мешавад. Таркиш дар инҷо рӯзи 17-уми сентябр рух дод, вале касе осеб надид. Касе масъулияти ҳамлаҳоро бар ӯҳда нагирифтаанст. Мақомот мегӯянд, то кунун иртиботи ин ҳамлаҳо ба кадом гурӯҳи байналмилалии террористиро пайдо накардаанд.

XS
SM
MD
LG