Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷоми Бозиҳои паралимпӣ дар Рио-де-Жанейро


Оташбозӣ дар маросими анҷоми бозиҳои тобистонаи паралимпӣ

Оташбозӣ дар маросими анҷоми бозиҳои тобистонаи паралимпӣ

Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ, ки аз 7-ум то 18-уми сентябр дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия барпо шуд, рӯзи 18-уми сентябр хотима ёфт.

Маросими пӯшидашавии бозиҳо шаби якшанбеи 18 сентябр дар варзишгоҳи "Маракана"-и Рио-де-Жанейро баргузор шуд.

Раиси Кумитаи байналмилалии паралимпӣ Филип Крэйвен ба бразилиягиҳо барои қабули гарму ҷӯшони ширкаткунандагони бозиҳо изҳори сипос намуд ва бозиҳоро пӯшида эълон кард. Крэйвен парчами паралимпиро ба намояндагони Бозиҳои оянда, ки соли 2020 дар Токиои Ҷопон баргузор мешаванд, супурд.

Баҳман Гулбарнажод баъди садама дар роҳ ба бемористон фавтид

Баҳман Гулбарнажод баъди садама дар роҳ ба бемористон фавтид

Дар ин маросим ба ёди дучархасавори эронӣ, ки дар мусобиқа ба садама дучор шуд ва фавтид, як дақиқа сукут карданд.

Дар Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ беш аз 4000 варзишгар аз 160 кишвари ҷаҳон барои 528 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуди варзиш рақобат карданд.

Баъди натиҷагирии ёздаҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо дар садри феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби Чин бо касби 239 медал (107 тило, 81 нуқра ва 51 биринҷӣ) қарор гирифт.

Британияи Кабир бо касби 147 медал (64 тило, 39 нуқра ва 44 биринҷӣ) ҷойи дувум ва Украина бо касби 117 медал (41 тило, 37 нуқра ва 39 биринҷӣ) ҷойи севумро касб карданд.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин ИМА (40-44-31), Австралия (22-30-29), Олмон (18-25-14), Нидерланд (17-19-26), Бразилия (14-29-29), Италия (10-14-15) ва Полша (9-18-12) дохил шуданд. Умуман, варзишгарони 83 кишвар медалҳои Паралимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Варзишгарони 63 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ шуданд.

Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Украина боз ҳафт кишвар – Узбакистон (8 медали тилло, 6 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ – ҷойи 16-ум), Беларус (8 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ – ҷойи 19-ум), Литва (2 медали тилло ва 1 медали нуқра – ҷойи 44-ум), Латвия (2 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ – ҷойи 45-ум), Озарбойҷон (1 медали тилло, 8 медали нуқра ва 2 биринҷӣ – ҷойи 48-ум), Қазоқистон (1 медали тилло ва 1 медали нуқра – ҷойи 58-ум) ва Гурҷистон (1 медали тилло – ҷойи 60-ум) - ба гирифтани медалҳои паралимпии Рио мушарраф гаштанд.

Вале дар Паралимпиадаи Рио варзишгарони шаш кишвари собиқи шӯравӣ – Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эстония - медал ба даст наоварданд. Иштироки варзишгарони паралимпии Русия дар ин бозиҳо баъди фош шудани истеъмоли допинг аз ҷониби варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони маъюб, манъ шуд.

Tajikistan,Dushanbe city, Rahmikhudo Dodikhudoev represent Tajikistan in Rio Paraolympic games,4September2016

Tajikistan,Dushanbe city, Rahmikhudo Dodikhudoev represent Tajikistan in Rio Paraolympic games,4September2016

Ёдовар мешавем, Раҳмихудо Додихудоев танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейро муаррифӣ кард. Ба ҷуз вай, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон Сафар Боев, раиси Кумитаи паралимпии кишвар ва Абдурауф Олимов, дабири кулли ин кумита, инчунин, як тарҷумон дохил буданд.

Раҳмихудо Додихудоев дар мусобиқаи интихобӣ дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар байни 14 нафар бо натиҷаи 12,89 сония дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Аз рӯи натиҷагирии сабқати ниҳоӣ ба масофаи 100 метр давандаи Бразилия Дос Сантос Петрусио Феррейра бо нишондоди 10,57 сония мақоми аввалро касб кард. Мичел Дерус аз Полша (10,79 сония) дувум ва Ёҳансон Насименто аз Бразилия (10,79 сония) севум шуданд.

Раҳмихудо Додихудоев дар мусобиқаи интихобӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни мардон дар байни 17 варзишгари маълул бо натиҷаи 56,34 сония ҷойи 14-умро ишғол кард ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Дар мусобиқаи ниҳоӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни мардон, ки шоми 17 сентябр доир шуд, ҳашт нафар аз Ямайка, Куба, Австрия, Кипр, Венесуэла, Бразилия, Кот д’ Ивуар ва Руанда ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Аз рӯи натиҷагирии сабқати ниҳоӣ Эрнесто Бланко аз Куба (48,78 сония) ғолиб омад. Давандаи Бразилия Дос Сантос Петрусио Феррейра бо нишондоди 48,87 сония ҷойи дувум ва Гунтер Матзингер аз Австрия (48,95 сония) ҷойи севумро соҳиб шуданд.

Раҳмихудо Додихудоеви 26-сола дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар айёми кӯдакӣ вай ба бемории остеомиелит гирифтор шуд ва пизишкон натавонистанд, ки устухони дасти чапи ӯро муолиҷа намоянд. Раҳмихудо Додихудоев бо мошине, ки ба ӯ бародараш тақдим кардааст, таксиронӣ карда, рӯзгорашро пеш мебарад. Аз ин рӯ, имкони ба варзиш пайваста машғул шуданро надорад.

Раҳмихудо соли 2014-ум дар Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд мақоми шашумро касб кардааст. Ӯ соли 2015-ум дар шаҳри Сочии Русия дар мусобиқоти байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул масофаи 400 метрро чорумин шуда тай намуд ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

Раҳмихудо Додихудоев ба Паралимпиадаи Рио таҳти раҳбарии мураббии варзида Ғайрат Неъматов омодагӣ дидааст. Оқои Неъматов рӯзи 19 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Раҳмихудо дар Паралимпиадаи Рио дар давидан ба масофаҳои 100 метр (12,89 сония) ва 400 метр (56,34 сония) нишондодҳои инфиродиашро беҳтар кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG