Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек


Жениш Разақов, муовини нахуствазири Қирғизистон бо ҳамтои тоҷики худ Азим Иброҳим дар бораи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъйину аломатгузории марзи ду кишвар гуфтӯгу кардааст. Ду тараф гуфтаанд, ки моиланд, баҳсҳои марзии ду кишвар зудтар хотима ёбад. Ноиб-сарвазири Қирғизистон пешниҳод кардааст, барои ҳалли масъалаи муайян ва аломатгузорӣ кардани марзи давлатии ду кишвар ҷаласа доир шавад. Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр аст ва то кунун бештар аз 300 километри онро таъйину аломатгузорӣ накардаанд.

XS
SM
MD
LG