Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Путин дар Русия пирӯз шуданд


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳангоми раъйдиҳӣ дар Маскав.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳангоми раъйдиҳӣ дар Маскав.

Натиҷаҳои 80 дар сади овози раъйдиҳандагон дар Русия нишон додааст, ки Ҳизби Русияи Воҳид эҳтимолан аз ҳисоби 450 курсии порлумон 300-тои онро ба даст меорад ва ҳизби аслӣ дар Думаи давлатӣ боқӣ мемонад.

Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии интихобот, ки рӯзи 19-уми сентябр нашр шуд, Ҳизби Русияи Воҳид аз рӯи феҳрасти ҳизбӣ тақрибан 54. 30 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Номзадҳои ҳизб, ки аз тарафи раиси ҷумҳур Владимир Путин ҳимоят мешавад, ҳамчунин дар миёни 255 ҳавзаи якмандатӣ дар 203-тои он пешсаф будаанд.

Фақат 3 ҳизби дигар мумкин аст, садди 5 дарсадиро убур карда ва ба порлумони Русия роҳ ёбанд. Ҳамаи онҳо низ аҳзоби вафодор ба сиёсатҳо ва ҳукумати Русия ҳастанд. Аз ҷумла Ҳизби коммунист, ки 13.61 дар сади орои мардумро ба даст овардааст. Ҳизби миллигарои либерал демократии Русия ба раҳбарии Владимир Жириновский 13.37 фоиз овоз гирифтааст. Ба Ҳизби Русияи одил фақат 6.17 дар сади мардум раъй додаанд.

Раъйдиҳӣ дар Русия 22 соат идома кард
Раъйдиҳӣ дар Русия 22 соат идома кард

Кумиссиёни марказии интихоботи Русия гуфт, ки дар интихоботи рӯзи якшанбе 18-уми сентябр тақрибан 47.5 дар сади мардум ширкат кардаанд. Дар интихоботи соли 2011 60 дар сади раъйдиҳандагон ҳузур доштанд.

Мақомоти Русия дар рӯзи интихобот аломатҳои норозигӣ ва нооромиро мушоҳида мекарданд, чун иқтисоди кишвар ба сабаби поин омадани қимати нафт, таҳримоти кишварҳои ғарбӣ, беқурбшавии пул ва коҳиши сармоягузории хориҷӣ ранҷ мекашад.

Вазъ осон нест, мардумро онро эҳсос мекунанд.

Владимир Путин натиҷаҳои интихоботро ситоиш кард ва ба вакилони Ҳизби Русияи Воҳид дар қароргоҳи он гуфт, ки натиҷаҳо нишондиҳандаи боварии мардум аст. Ӯ ба мушкилоти иқтисоди Русия ишора кард ва айни замон гуфт, мардуми Русия медонанд, ки вакилон “дар воқеъ бисёр сахт кор мекунанд, ҳарчанд на ҳамеша самар медиҳад.” “Вазъ осон нест, мардумро онро эҳсос мекунанд ва онҳо мехоҳанд ва умедвор ҳастанд, ки вазъи сиёсӣ ором бимонад” – гуфт, ӯ.

Раъйдиҳӣ ҳамчунин дар нимҷазираи Қрими Украина сурат гирифт, ки Русия онро соли 2014 ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Назарсанҷиҳо нишон додаанд, Русияи Воҳид дар интихобот пирӯз мешавад, вале айни замон бетафовутӣ ба ин корзори сиёсӣ ҳам ба сабаби заиф шудани иқтисод зиёдтар шудааст. Соли 2011 пас аз интихоботи порлумонӣ дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия тазоҳуроти азима сурат гирифт, чун раъйдиҳандагон мегуфтанд, ки дар интихобот тақаллубкорӣ шудааст.

Баъд аз ин ҳукумати Русия қонуну қарорҳое қабул кард, ки ҳаққи тазоҳурот ва ҳам кори созмонҳои ғайрикуматӣ дар Русияро маҳдуд мекунанд.

Ба гуфтаи нозирон, дар интихоботи имсола ҳам қонуншиканӣ ва тақаллубкориҳо зиёд будаанд. Хабаргузории “Интерфакс”, аз қавли ҳамоҳангсози нозирони Шӯрои ҳуқуқи инсони тобеи раиси ҷумҳури Русия навиштааст, “дар бораи қонуншиканиҳо дар интихобот пайваста аз минтақаҳои гуногун ба мо иттило мерасад.”

Сабти қонуншиканиҳо дар интихобот
Сабти қонуншиканиҳо дар интихобот

Ба гуфтаи ӯ, раъйдиҳии сарбозон дар қитъаҳое, ки сабти ном нашудаанд, раъйдиҳӣ дар ҳузури мардум ба чашм расидааст. Созмони “Голос”, ки интихоботро мушоҳида кард мегӯяд, дар маҷмӯъ то нисфирӯзӣ тақрибан 1000 шикоят гирифтааст.

Як видеое, ки дар Ютюб нашр карданд, нишон медиҳад, ки дар вилояти Ростов як корманди нуқтаи раъйдиҳӣ бастаи коғазҳоро дар қуттии раъйдиҳӣ меандозад. Видеои монанд ба ҳаминро созмони Голос дар вебсайташ нашр кард. Элла Памфилова, раиси Кумиссиёни марказии интихоботи Русия гуфт, дар се қитъаи раъйдиҳӣ пур кардани қуттиҳо мушоҳида шудааст ва натиҷаҳо дар онҷо беэътибор хоҳанд шуд.

Ҳукумати Русия бо роҳ додани нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба интихобот, саъй кард, то ба мардум итминон бидиҳад, ки интихобот шаффофу одилона мегузарад. Ҳамчунин раиси Кумиссиёни марказии интихобот дар Русияро иваз карданд. Қарор аст, нозирони байналмилалӣ рӯзи 19-уми сентябр арзёбии худро дар бораи интихобот бигӯянд.

XS
SM
MD
LG